Қосимов Мансур

- Категория: Ветераны Великой Отечественной Войны
- Город: Канибадам
- Адрес: Мир
- Дата рождения: 1922-10-07
7 октябри соли 1922 дар ш.Конибодом таваллуд ёфтааст. Тоҷик. Маълумоташ миёнаи нопурра. Соли 1942 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда то соли 1946 дар хизмати ҳарбӣ буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун тирандоз дар ҳайати полки тирандозии 180-и армияи 13-и фронти 1 Украина ҷангидааст. Дар майдони ҷанг захмӣ шудааст. Маъюби гурӯҳи 2-и ҶБВ мебошад. Соли 1946 аз хизмати ҳарбӣ баргашта аз соли 1947 то 1977 дар комбинати хизмати маишӣ дар вазифаи сартарош заҳмат кашида ба нафақа баромадааст. Барои хизматҳои ҷангиаш бо Бо ордени “Шараф” дараҷаи 3 Медалҳои “Барои хизматҳои ҷангӣ” “Барои ҷасорат” “Барои гирифтани Берлин” ва 10 медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳоло дар ҳалқаи фарзандону пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Суроғааш: ш.Конибодом, кӯчаи Мир.