Бердиев Бурҳон

- Категория: Ветераны Великой Отечественной Войны
- Город: Канибадам
- Село: Диловарон
- Адрес: Карабаев
- Дата рождения: 1926-03-10
10 марти соли 1926 дар деҳаи Шаҳидқароянтоқ (ҳоло Диловарон)-и ҷамоати деҳоти Ғ.Ортиқови ш.Конибодом таваллуд ёфтааст. Ӯзбек. Маълумоташ миёнаи нопурра. Соли 1944 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, солҳои 1944-1945 дар ҳайати фронти 2-уми Украина дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун аскари қаторӣ иштирок намуда, Ғалабаро дар Чехословакия пешвоз гирифтааст. Соли 1950 ба зодгоҳ баргашта, аз соли 1950 то 1986 дар муассисаи нақлиётии автомобилии №34 (ҳоло ҶДММ “Сафар-Канд”) дар ҳайси ронанда фаъолият намуда ба нафақа баромадааст. Барои хизматҳои ҷангиаш бо Бо ордени “Ҷанги Ватанӣ” Медалҳои “Барои ғалаба бар Германия” “Жуков” ва 5 медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳоло дар ҳалқаи фарзандону пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Суроғааш: ш.Конибодом, ҷ/д Ғ.Ортиқов, деҳаи Диловарон, Қаробоев